«САДОИ ХОВАР» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Соли 2010 қариб 300 ҳазор нафар ба веб-сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» даромаданд, ки аз ин 65 фоизаш истифодабарандагони дохилӣ, 35 фоизи боқимонда аз Федератсияи Русия ва хориҷи дуру наздик мебошанд. Ин гуфта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи солонаи Агентӣ, ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, зикр шуд. Дар рафти ҷаласа директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсуддинов фаъолияти Агентиро дар соли 2010 қаноатбахш арзёбӣ намуд. Тибқи суханони ӯ тӯли сол АМИТ «Ховар» хабарро аз манбаъҳои аввал гирифта, сари вақт паҳн намуд, аз ҷумла ба шабакаҳои васеъ 5900 хабари расмӣ оид ба фаъолияти Президент, парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, тамоми мақомоти давлатии кишвар, ҳамчунин аз ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дастрас намуд. Тӯли сол ба воситаи АМИТ «Ховар» бо забони тоҷикӣ 5878, русӣ 5024, ӯзбекӣ 2798 ва англисӣ 4024 хабар паҳн гардид. «Дар соли 2011 роҳбарияти Агентӣ ният дорад, ки дар сомонаи худ хабарҳоро бо забони арабӣ ва форсӣ ҷойгир намуда, шумораи истифодабарандагони худро зиёд намояд. Моҳи феврали соли ҷорӣ Агентӣ радиои «Садои Ховар»-ро мекушояд»,-афзуд С. Шамсуддинов.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






