«САФИНА»-ИНТИЗОРИ ЛАЁҚАТМАНДҲОСТ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ин тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии паҳншавии одатҳои номатлуб миёни ҷавонон, зарари тамокукашӣ ба саломатии инсон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, саҳнаҳои тарбиявӣ ва сӯҳбату андешаҳои олимону адибон, ҳирси пулу мол ва оқибатҳои нохуши он мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори ТВ «Сафина» Лутфулло Давлатов ба хабарнигорони ВАО. Ҳамчунин зикр гардид, ки барномаҳои «Ҷасорат», «Арсагоҳ», «Вусъати майдонам орзуст» ва «Масири варзиш» дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмиллалӣ маълумот дода, пайваста дар бораи мушкилоти ҳалталаби соҳаи варзиш ҳарф мезананд. Дар охири нишаст Лутфулло Давлатов изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки мо барои хамкорӣ бо рӯзноманигорони лаёқатманд омодаем ва барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоварем.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






