САНАДИ МАДРИД ТАСДИҚ ШУД
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳоро тасдиқ намуд. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҳусейн Алиев масъалаи мазкурро шарҳ дода зикр карданд, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Мадрид ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷӣ мусоидат намуда, дар раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо нақши муассир мебозад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






