САРФАИ 1,5 МЛН. ДОЛЛАР ДАР ДУ СОЛ
Душанбе, 31 январ. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). — Бино ба гуфти директори муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов дар самти барқарорсозии инфрасохтор ба ҷои 50-60 зерлоиҳаи нақшавӣ зиёда аз 125 зерлоиҳа пешниҳод гардид, ки онҳо омӯхта шуда, лоиҳаҳои беҳтарин ба Бонки Рушди Осиё пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, 36 зерлоиҳа аз ноҳияи Рӯдакӣ, 9 зерлоиҳа аз ноҳияи Варзоб, 30 зерлоиҳа аз шаҳри Ваҳдат, 10 зерлоиҳа аз шаҳри Роғун, 40 зерлоиҳа аз ноҳияи Файзобод омода гардиданд. Мавсуф зикр намуд, ки аз рӯи ин зерлоиҳаҳо дар се иншоот, аз ҷумла иншооти дохилихоҷагии «Дашти бед», деҳаи Навободи ноҳияи Ваҳдат, инчунин «Сохтмони хати оби нӯшокӣ» дар деҳаи Тахти алифи ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод корҳои амалӣ оғоз гардиданд. Усмон Сабзов гуфт, ки теъдоди коршиносони байналмилалиро кам намуда ба ҷои онҳо 13 нафар мутахассисони маҳалиро бо ҷойи кор таъмин намудем. Дар давоми ду сол зиёда аз 1,5 млн. доллари ИМА маблағ сарфа шуд ва аз ҷониби дигар самаранокии корҳо баланд гардид.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






