САРВАТИ МАЪНАВИИ ДМТ ҒАНИТАР ШУД

Январь 4, 2011 15:14

     Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Тавре масъули китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ « Ховар» иттилоъ дод, соли сипаришудаи 2010 барои китобхонаи илмӣ соли бобарор ва хотирмон буд, зеро дар ин сол имкониятҳои китобхонаи мазкур боз ҳам васеъ гардид.   Дар бинои нави Донишгоҳ, воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён барои донишҷӯёни факултаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ китобхонаи нави дорои толори барҳаво бо 150 ҷойи нишаст, хазинаи дорои беш аз 80 ҳазор китоб, толори махсуси хониши электронӣ ва ба шабакаи интернет пайваст ва инчунин, толори ҷудогона барои омӯзгорону муҳаққиқон кушода шуд.     Ин ҳама имконият фароҳам меоварад, ки толибилмон вақти худро бештар ба мутолиаи китоб сарф намоянд.  

Январь 4, 2011 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард