САТҲИ ҶИНОЯТ 1,2 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД

Январь 19, 2011 15:27

   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-« Дар соли 2010 сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ 1,2 фоиз зиёд гардидааст»- гуфт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар нишасти матбуотие, ки имрӯз гузашт.    Дар соли гузашта дар кишвар 12 562 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2009 154 ҳолат зиёд мебошад. Бештари ҷиноятҳои содиршуда дар соли сипаригардида характери иқтисодӣ доранд, қайд намуд вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ.   Инчунин, кормандони ВКД-и ҷумҳурӣ аз гардиши ғайри қонунии маводи нашъадор 2 тоннаву 215 килограмм нашъа ёфт ва мусодира намуданд, ки ин нишондод 59,1 фоизи миқдори умумии моддаҳои нашъаовари аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии мамлакат мусодирашударо ташкил медиҳад.  

Январь 19, 2011 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад