СЕМЕНТ ФАРОВОН МЕШАВАД?
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати энергетика ва саноати ҶТ барои муоина ба ширкати эронии «Лиён ковони конҳо- симон байналмилал» 4 кони гилхокро пешниҳод намудааст. Боиси тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳанўз чанд сол пештар масъалаи сохтмони як корхонаи калони сементбарориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд. Ҳоло сари масъалаи сохтмони ду корхонаи сементбарорӣ, ки иқтидори истеҳсолии солонаи ҳар кадоми он 1 млн. тонна семент мебошад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намудааст. Эрон барои сохтмони ин ду иншооти барои Тоҷикистон зарурӣ 300 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карданист. Айни замон дар ҶТ 6 корхонаи хурду калони сементбарорӣ амал мекунад ва калонтарини он «Тоҷиксемент» мебошад, ки лоиҳаи солонаи истеҳсоли он беш аз 1 млн. тонна сементро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур айни ҳол бо иқтидори 50 фоизи истеҳсоли солона маҳсулот мебарорад. Дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани гуфтушунид дар бораи сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар ояндаи наздик дар ҶТ 4 млн. тонна семент дар як сол истеҳсол мегардад, ки он соҳаи сохтмони Тоҷикистонро пурра бо ин маводи зарурии сохтмонӣ таъмин менамояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






