ШАКЛИ МУОСИРИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади содда кардани қоидаҳои бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии ашхоси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул шудааст, ки муносибати мутақобилаи байни мақомоти бақайдгирандаро ба тартиб медарорад. Дар асоси қонуни мазкур вазифаи бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор ба зиммаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузошта шудааст. Агентии омори назди Президенти ҶТ раванди додани рамзҳоро дар реҷаи «Онлайн» ба амал мебарорад. Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳамарўза ба интерфейси он дар бораи бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор иттилоот ворид мешавад ва дар давоми 8 соат рамзгузории автоматикунонидашуда оид ба иттилооти воридшуда ба амал бароварда мешавад,- хабар доданд аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар». Иттилооти коркардашуда баъди ними шаб дар реҷаи шакли XML дар сервиси Кумитаи андоз ҳифз мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






