«ШАРИФҶОН» ГАРМХОНА МЕСОЗАД
Кӯлоб, 31 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — Барномаи давлатии рушди соҳаи боѓу токпарварӣ дар кулли нохияхои кишвар зина ба зина амалӣ мегардад. Дар заминаи татбиќи босуботи он дар соли 2010 дар нохияи Кӯлоб дар майдони 263 гектар боѓи нав бунёд гардид, ки нисбат ба наќшаи дурнамо 13 гектар зиёд мебошад. Аъзои хочагии дехќонии «Шарифҷон» дар хамоати дехоти «Дахана» бо чалби мутахассисони бехтарини соха дар майдони 2,5 гектар боѓ бунёд карданд. Нашъунамои дарахтон хуб буда, соли чорӣ хосилбандиро оѓоз менамоянд. Айни хол боѓдорони хочагии мазкур маъракаи яхобмониро ба рох мондаанд. Бояд гуфт, ки боѓдорон дар таътили зимистонаи мактаббачагон фарзандони худро ба шинонидани нихолхо чалб карданд, зеро тарбияи мењнатдўстӣ, табиатдўстӣ ва ватандўстии наврасон махз аз синни хурдӣ оғоз меёбад. Роҳбарони хоҷагӣ ният доранд дар назди хамин боѓ як корхонаи хурди коркарди меваю сабзавотро ба истифода диханд, ки дар ин коргох зиёда аз 15 нафар бо чои кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Хамазамон хочагидорон маќсад доранд дар байни қаторҳои дарахтон парвариши сабзавотро нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд намуда, дар майдони 0,20 га замин гармхона созанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






