ШАРОБНӮШОН СОКИНИ КАДОМ ДАВЛАТАНД ?

Январь 25, 2011 16:05

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Сокинони давлатҳои узви бюрои Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар миқёси ҷаҳон аз ҳама бештар шароб менӯшанд. Дар ин ҷо миқдори хеле зиёди бемориҳо ва фалокатҳои гуногун, аз ҷумла маҷрӯҳшавиҳо маҳз ба истеъмоли шароб вобастаанд.    Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ сабабҳои истифодаи нӯшокиҳои спиртиро дар кишварҳои гуногуни минтақа муайян намуда, ҳукуматҳоро даъват менамоянд, ки сиёсати зидди шаробнӯширо амалӣ созанд. Онҳо зикр менамоянд, ки аз рӯи ҳисоби миёна ба ҳар сар сокини калонсоли мамлакатҳои аъзои бюрои Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар як сол 9, 24 литр машруботи спиртӣ рост меояд.    Дар Эстония ва Чехия аз ҳама бештар шароб менӯшанд. Дар ин мамлакатҳо дар як сол ба ҳар сари аҳолии калонсол 14 литр шароб рост меояд.      Истеъмоли шароб дар Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон нисбат ба мамлакатҳои дигар чандин маротиба камтар аст. Ҳар сокини ин мамлакатҳо ҳар сол ба ҳисоби миёна ҳамагӣ ду литр нӯшокии спиртдор истеъмол менамоянд.

Январь 25, 2011 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд