СОҲИБИ ШАБАКАИ ВАРЗИШӢ МЕШАВЕМ?
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии варзишӣ ба фаъолият мепардозад. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. «Консепсияи шабакаи мазкур ҳанӯз таҳия нашудааст, вале таъсиси чунин шабака дар кишвар ба нақша гирифта шудааст», — иброз намуд Л. Давлатов. Ҳамзамон, ҳоло кормандони шабакаи ТВ «Сафина» ба таҳияи як қатор лоиҳаҳои телевизионӣ, ки ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, машғуланд. «Мо ҳамчунин ният дорем бахшида ба ин санаи муҳим якчанд филми ҳуҷҷатӣ ба навор бардорем»,- гуфт директори ТВ «Сафина». Ёдовар мешавем, ки айни замон барномаҳои ТВ «Сафина»-ро қариб 80 фоизи аҳолии кишвар тамошо менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






