СОБИҚ ВАЗИР ДАРГУЗАШТ

Январь 13, 2011 13:37

   Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ходими намоёни ҷамъиятии ҷумҳурӣ Усмонқул Шокиров ҳаётро падруд гуфт. Марҳум Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияташро аз вазифаи мутахассиси колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтар оѓоз намудааст.   Дар солҳои 80-ум дар дастгоҳи Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, аз соли 1988 то 1992 дар вазифаи раиси соҳаи агросаноатӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон кор намудааст.   Аз моҳи сентябри соли 1999 то январи 2004 ҳамчун вазири ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Усмонқул Шокиров дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва озуқаворӣ, ҳамчунин дар равнақи соҳаи иҷтимоӣ ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст.

Январь 13, 2011 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд