СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- « Содироти молу маҳсулот дар соли 2010-ум нисбат ба соли 2009-ум афзоиш ёфтааст. Чунончи содироти нахи пахта дар соли сипаригардида 95 ҳазору 320 тоннаро ташкил дод, ки 8 676 тонна нисбат ба соли 2009 зиёд мебошад »,- гуфт муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов дар нишасти матбуотие, ки 17 январ доир гардид. Инчунин, номбурда қайд кард, ки дар соли сипаришуда дар содироти маҳсулот мавқеи асосиро алюминий, меваю сабзавот, маҳсулоти консервагии меваю сабзавот ва пӯст ташкил доданд. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ба хазинаи давлат 1 миллиарду 714,7 миллион сомонӣ ворид намуд, ки ин 92,7 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод, гуфт муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






