СОХТМОНИ 38 МАКТАБ БО МАБЛАҒГУЗОРИИ БМИМТ

Январь 14, 2011 15:20

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) доир ба фаъолияти худ дар соли 2010 дар доираи татбиқи марҳилаи 2-юми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» нишасти матбуотӣ доир намуд.   Дар он директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев дар бораи барномаи мазкур иттилоъ дода, қайд намуд, ки он бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаи фарогири барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфрасохтори васеи мактабӣ бо истифода аз сифати мувофиқ тарҳрезӣ шудааст.     Тибқи иттилои С. Мирзоев барнома бояд то 30-юми апрели соли 2013 амалӣ гардад. Марҳилаи дуюми барнома 20 ноҳияро дар вилояти Хатлон дарбар мегирад. Маблағгузории давраи дуюм 13 миллиону 578 ҳазор евроро ташкил медиҳад ва дар доираи ин марҳила 38 лоиҳа пешбинӣ шудааст.    Айни ҳол, БМИМТ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ амал мекунад. Азхудкунии маблағҳо аз оғози татбиқи лоиҳа зиёда аз 30 ҳазор доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, ки ин 93% -и нақшаи пешбинишуда мебошад.

Январь 14, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад