СОКИНОНИ БӮСТОН ОБ ЗАХИРА НАМОЕД!
Душанбе, 24 январ. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интиқоли обӣ нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини комбинати коркарди чӯб (ДОК), Бӯстон 1, 2, 3 ва Камола аз соати 9-и 25 январ то соати 22-и 26 январи соли 2011, ба муддати 36 соат қатъ карда мешавад. Ин тадбир бо мақсади пайваст намудани шоҳқубурҳои д-600мм ва д-300мм дар кӯчаи Айнӣ андешида шудааст. Дар робита аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои якуним шабонарӯз захира намоянд. Тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Фатҳулло Буриев ва масуълини Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф шудаанд, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






