СОЛЕ, КИ СУҒДИЁНРО СОҲИБИ 2055 МЕДАЛ КАРД
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2010 ҷиҳати ташкилу баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Дар натиҷа соли 2010 варзишгарони вилоят дар 45 мусобиқаи вилоятӣ, 60 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 26 мусобиқаи байналмилалӣ бо муваффақият иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои вилоятӣ 406 медали тилло, 361 медали нуқра ва 512 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 241 медали тилло, 179 медали нуқра ва 262 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ 7 медали тилло, 8 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ, дар чемпионати Осиё 14 медали тилло, 13 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ва дар чемпионати ҷаҳон 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Умуман, варзишгарони вилоят дар соли 2010 сазовори 2055 медал гаштанд, ки ин дастовард нисбат ба соли 2009-ум 950 медал зиёд мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






