СОЛИ 2010 ЧАНД НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ШУДАНД?
Душанбе, 14 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 32 ҳазор нафар аҳолии кишвар дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар давоми соли 2010 бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ин нишондод 114, 1 % иҷрои нақшаи барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, тибқи квотаҳо дар ин давра 2230 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2914 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 ҷузъи ҷудонашавандаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






