СОЗИШНОМАИ ДМТ ВА ДОНИШГОҲИ КОРЕЯ

Январь 26, 2011 17:04

    Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Чанде пеш мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Нуриддин Саидов бо профессори Донишгоҳи Кангноми Ҷумҳурии Корея, директори Пажӯҳишгоҳ оид ба омӯзиши Осиёи Марказии ҳамин Донишгоҳ Фил Ким доир гардида, зимни он созишнома оид ба мубодилаи академї ба имзо расид, ки он доираи васеи ҳамкориҳоро дар бар мегирад.     Ҳамкориҳо дар соҳаи мубодилаи иттилоот, китобу нашрияҳо, тадқиқоти муштараки илмї, равуои дуҷонибаи донишҷӯён, аспирантон, магистрҳо ва таҷрибаомӯзии устодон аз ҷумлаи ин ҳамкориҳост.    Тибқи созишномаи мазкур ҳамасола то 10 нафар донишҷӯён барои омӯзиш ба муддати як сол ба донишгоҳҳои ҳамдигар фиристода мешаванд.    Бино ба гуфти устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмонї шояд омӯзиши таҷрибаи кореягиҳо дар мавриди алоқаи илм бо таҷриба барои мо аз ҳар ҷиҳат муфид бошад, зеро ин кишвар яке аз кишварҳои пешрафтаи дунёст.

Январь 26, 2011 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад