СУҒД 2394 ЗАНИ РОҲБАР ДОРАД

Январь 10, 2011 14:25

    Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Баҳри татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2016» дар вилояти Суғд як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.    Бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои ба пуррагӣ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа, васеъ намудани фаҳмишу аҳамияти арзишу татбиқи сиёсати гендерӣ, ташаккули биниши нав нисбати хусусиятҳои муносибати иҷтимоӣ байни мардон ва занон, фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоии занон ва ҳарчи бештар амалӣ гардидани нерӯи онҳо ба манфиати тамоми ҷомеа дар сатҳи вилоят «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.   Дар натиҷаи амалигардонии сиёсати гендерӣ намояндагии занон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоят ба 5 нафар расид. Ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 12 нафар занон интихоб шуданд, ки 17,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз соли 2005-ум 2 фоиз боло рафтааст.     Намояндагии занон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ 2,4 фоиз ё 14 нафар афзудааст. Дар ҳайати вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти вилояти Суғд 464 нафар занон намояндагӣ доранд, ки ба 16,6 фоиз баробар аст. Шумораи занони роҳбар дар вилоят ба 2394 нафар расидааст.   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. 

Январь 10, 2011 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд