СУДЯҲО БОЯД СОҲИБМАЛАКА БОШАНД
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Дар нишаст оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2010 сухан рафт. Зикр гардид, ки бо дарназардошти малакаи дониши касбӣ ва собиқаи корӣ бо пешниҳоди Шӯрои адлия 182 нафар судяҳо бо Фармони Президенти мамлакат аз 17 апрел ва 25 май, ҳамчунин аз 8 декабри соли 2010 ба вазифаи судягӣ таъин шуданд. Аз ин шумора 55 нафар коромӯз-судя буда, пас аз гузаштани мӯҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ бори аввал ба ин вазифа таъин шуданд, ки 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, се нафар судя бо сабаби ба вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва муовини Раиси Суди олӣ интихоб шудан, 8 нафар бо хоҳиши худ, 4 нафар бо сабаби вафот, 3 нафар бо сабаби нисбат ба онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд ва 3 нафар судяҳо бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз вазифаашон озод гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба Дастгоҳи Шӯрои адлия 2460 адад мавод ворид шуд, ки нисбат ба соли сипаришуда 424 мавод зиёд мебошад. Дар охир Раиси Шӯрои адлия З. Азизов аз камбудиҳо дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ ёдрас шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






