ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ФУРУДГОҲ

Январь 26, 2011 17:40

   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дар фурудгоҳи Душанбе барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкоридошта чораҳои амалӣ дида мешавад. Ҳавопаймоҳои замонавӣ вобаста ба тамғаи худ ҳар яке таҷҳизоти хизматрасон доранд ва доштани ҳамин гуна таҷҳизотро аз фурудгоҳҳои ҳамкоридошта тақозо менамоянд.    Мошин ва механизмҳои хизматрасон гуногунтамға буда, ҳар яке барои иҷрои кори алоҳида пешбинӣ мешаванд.   Тавре маълум аст, имрўзҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар қатори ҳавопаймоҳои истеҳсоли собиқ шўравӣ аз ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг» зиёд истифода мекунанд.     Таҷҳизот ва дигар мошину механизмҳое, ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасониданд, бо мурури замон кўҳна шудаанд. Бинобарин роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе тасмим гирифтаанд, ки таҷҳизот ва мошину механизмҳои замонавӣ харанд.     Дирўз ба фурудгоҳ бештар аз 10 намуд мошину механизмҳо ворид шуданд. Дар қатори зинапоя, дастгоҳи барқдиҳанда, механизмҳои борбардор ва борфурор, мошини барфрўбии махсус барои тоза кардани хати парвоз, дастгоҳи муҳими замонавӣ барои фуровардани контейнерҳо аз ҳавопаймоҳои калонҳаҷм пешбинишуда ва дастгоҳи пошдиҳандаи зидди яхбандӣ ворид шуд. Дар қатори мошин ва механизмҳо 100 адад аробачаи борбардор, ки барои мусофирон пешбинӣ шудааст, дастрас гардид. Боварӣ дорем, ки бо ба кор даровардани мошин ва механизмҳои нав сатҳи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон баланд хоҳад шуд, гуфт дар сўҳбат муовини сардори Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ Табар Қурбонов.    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.

Январь 26, 2011 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд