ТАҶДИДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҚАЙРОҚҚУМ
Суғд, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов). — Дар шаҳри Қайроққум ва шаҳракҳои он бо кӯмаку мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ-техникӣ, таъмиру таҷдиди иншооти муассисаҳои таълимӣ силсилаи тадбирҳо амалӣ мешаванд. Таъмиру тармими бино ва боми мактабҳои рақами 7, 14, толорҳои варзишии ин мактабҳо, маҷлисгоҳ, таъмиру азнавсозии кӯдакистони «Офтобак», муҷаҳҳаз намудани мактабҳои шаҳру шаҳракҳои Қайроққум бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ, маҷмӯи компютерҳо ва дигар лавозимоти мактабӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими такмили таълиму тарбияи фарзандон дар шаҳри Қайроққум мебошад. Тавре мудири маорифи шаҳри Қайроққум Мияссар Ҳайдаров иброз дошт, танҳо дар як соли охир барои таъмиру тармими мактабҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум 500 ҳазор сомонӣ ва барои харид намудани мизу курсиҳо 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






