ТАҶДИДИ СИСТЕМАИ ОБТАЪМИНКУНӢ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон» оид ба ҷудо гардидани 6172,8 ҳазор доллари ИМА созишномаҳо ба имзо расиданд, ки аз ин 4172,8 ҳазор доллари ИМА маблағи грантӣ ва боқимонда 2000 ҳазор доллари ИМА қарзи дарозмуддат аст, чунин зикр намуд имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов. Мушовирони татбиқи лоиҳа аз 1 январи соли 2010 корҳои мураттаб сохтани ин лоиҳаро оғоз намуданд. Барои татбиқи лоиҳа ва дастгирии гурӯҳи татбиқи лоиҳа аз тарафи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва БАТР ширкатҳои байналмиллалии «Аквамундо» (Германия) ва «Сеурека» (Франсия) ҷалб шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






