ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии ВНМО (ВИЧ/СПИД), сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева оид ба тадбирҳои андешидаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ маълумот дод. Сипас сарвари маркази вилоятии мубориза бар зидди ВНМО Абдуҷалол Ҷабборов бобати ҳолати бемориҳои эпидемиологӣ дар солҳои 2005 — 2010 гузориш дод. «Ин маризиҳо ба муносибатҳои одамон вобастагии калон доранд, бинобар ин мо бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ рафтор намоем», — гуфт зимни муҳокимаи маърӯзаҳо сардори сарраёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Далил Тошматов. Ҳифзи саломатӣ ва пешгирии ВНМО (ВИЧ/СПИД), сил, вараҷа аз масъалаҳои ҷиддию муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Мо худро аз ин маризиҳо танҳо ҳамон вақт эмин нигоҳ дошта метавонем, ки аз сирояти ин вирусҳо бохабар бошем. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






