ТАДБИРҲОИ ШАҲРДОРӢ НИСБАТ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 нафар сокинони пойтахт, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо роҳи ҳалли худро наёфтанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабул гаштанд. Мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии фардӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил дод. Тавре котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вобаста аз салоҳиятҳо ва муқаррароти шаҳрдорӣ нисбат ба ҳар кадом муроҷиати шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






