ТАКМИЛИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ

Январь 10, 2011 16:25

  Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Зимни такмили феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти давлатӣ оид ба дин 3347 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 1 мадрасаи мутавассита, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 ҷамоатхона ва 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд». Ин матлабро 10 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов иброз намуд.   Мавсуф афзуд, ки алҳол ҳуҷҷатҳои таъсиси 10 масҷиди ҷомеъи марказӣ барои бақайдгирии давлатӣ, 14 масҷиди ҷомеъ ва 65 масҷиди панҷвақта барои қайди баҳисобгирӣ ба Кумитаи дин пешниҳод гардида, мавриди омӯзиши коршиносон қарор доранд. Ғайр аз ин роҳбарияти Кумитаи дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарони иттиҳодияҳои динии исломӣ ва сарварони 9 иттиҳодияи динии ғайрисломӣ вохӯрию мулоқот доир намуда, дар он масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро баррасӣ намуданд.

Январь 10, 2011 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад