ТАЪМИНИ 768 НАФАР БО КОРИ ДОИМӢ
Кӯлоб, 27 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсату шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои кор бо ҷавонон ва кордиҳандагон 108 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар онҳо 1014 корхона ширкат варзида, 18 701 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карданд. Тавассути гузаронидани ярмаркаҳо 601 нафар бо касбомӯзӣ, 319 нафар бо корҳои ҷамъиятӣ ва 768 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мусоидат намуда, тибқи саҳомият 214 нафар шахсони эҳтиёҷманд айни ҳол дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақа бо кор таъмин гардиданд. Иҷрои нақшаи саҳомият дар шаҳри Кӯлоб 97, 1 фоиз, дар ноҳияи Восеъ 85,5 фоиз, ноҳияи Мӯъминобод 100 фоиз, ноҳияи Темурмалик 87 фоиз, ноҳияи Шӯрообод 100 фоиз, ноҳияи Фархор 72,2 фоиз, ноҳияи Ҳамадонӣ 97 фоиз, Ховалинг 100,7 фоиз ва дар минтақа 99,5 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






