ТАЪМИРИ ОЗМОИШГОҲҲОИ ТУХМИСАНҶИ

Январь 27, 2011 09:19

   Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ бинои Бозрасии назорати давлатии тухмисанҷӣ, ҳамчунин озмоишгоҳҳои тухмисанҷӣ дар маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти санҷишии ҳозиразамон муҷҷаҳаз гардонида шуданд.   Боис ба ёдоварист, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи Оҷонсии байналхалқии Шветсия (SIda) лоиҳаи «Дастгирии инкишофи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2004 инҷониб фаъолият дорад.   Барои татбиқи барномаҳои селексионӣ ба Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, филиали Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар вилояти Суғд, кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии «Чилгазӣ» — и ноҳияи Исфара, стансияҳои навъсанҷии ноҳияҳои Қубодиён, Бобоҷон Ғафуров, Мӯъминобод ва шаҳри Турсунзода техникаю технологияи замонавӣ дастрас гардид.    То моҳи январи соли ҷорӣ наздик ба 31 ҳазор тонна пахтаи тухмӣ коркард шуда, 16 ҳазору 595 тонна чигити тухмӣ истеҳсол шудааст.  

Январь 27, 2011 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад