ТАНҲО БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА МЕСОЗЕМ

Январь 11, 2011 09:28

   Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд бо сабаби камбуди қитъаи замин дар пойтахт муроҷиати шаҳрвандон на барои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ, балки танҳо барои сохтмони биноҳои баландошёнаи бисёрҳуҷрадори истиқоматӣ қабул мешавад. Чунин зикр шуд дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.  Ҳадафи асосии ин тадбир мақсаднок истифода намудани қитъаи замин дар пойтахт ва азхудкунии он дар асоси талаботи нақшаи генералии шаҳр мебошад.  Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, алҳол беш аз 25 ҳазор аризаву муроҷиати шаҳрвандон барои дастрасӣ ба қитъаи замин ҷиҳати бунёди манзили истиқоматии индивидуалӣ дар баррасии шаҳрдорӣ қарор дорад.

Январь 11, 2011 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад