ТАНЗИМИ ҶАШНҲОИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи маълумоти оморӣ дар ноҳияи калонтарини вилояти Суғд соли сипаригашта 5 413 маърака баргузор гашт, ки аз онҳо 3 095 тӯйи арӯсӣ, 1 262 хатнасур ва боқимонда маросими мотам мебошанд. Хароҷоти умумии маъракаҳо 18983,5 ҳазор сомониро ташкил додаву он ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 3,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва соҳибкорону саховатмандон 5 тӯйи арӯсиву домодӣ ва 210 хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат ва серфарзанд гузаронида шуд. Ин нукта дар нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хабарнигорони васоити ахбори омма расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






