ТАТБИҚИ АМАЛИЁТИ «ОБ БАРОИ ҲАЁТ» ЧӢ ГУНА АСТ?

Январь 13, 2011 13:29

    Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», директори генералии он Алимурод Тағоймуродов аз фаъолияти даҳҳо корхонаҳои коммуналии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ намуд.    Ба гуфти А.Тағоймуродов корхонаҳои соҳаи обу корез бо истифода аз имкониятҳои худ дар доираи 10- солаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) оид ба татбиқи «Барномаи беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ барои солҳои 2007 -2020», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2-юми декабри соли 2006 тасдиқ шудааст, то имрўз корҳои зиёдро анҷом доданд.    Дар иҷрои барномаи мазкур корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Хуросон, Ашт, Панҷакент, Ҳисор, Нуробод ва ҳамаи корхонаҳои коммуналии ВМКБ, ба ҷуз корхонаи обу корези шаҳри Хоруғ саҳми назаррас гузоштанд. Аммо дар баробари чунин як пешрафт, боиси таассуф аст, ки корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Мўъминобод, Шўрообод, Панҷ, Данғара, Ёвон, Қубодиёни вилояти Хатлон, шаҳракҳои Қуруқсой ва Меҳнатободи ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Мастчоҳи кўҳӣ, Айнӣ, шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Б.Ғафуров, Табошари вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияҳои Шаҳринав, Рўдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат дар самти иҷрои барнома ба хунукназарӣ роҳ дода, амалӣ шудани барномаро зери суол бурдаанд.

Январь 13, 2011 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад