ТАВАЛЛУДИ ХОНАГӢ-ОМИЛИ ХАТАРЗО БАРОИ МОДАРУ КӮДАК

Январь 25, 2011 10:16

   Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни занону духтарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат медиҳанд, -тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон раиси Кумитаи мазкур Сумангул Тағоева.     Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки Кумита доир ба масъалаҳои масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, беҳдошти сифати таълиму тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб байни наврасон, аз қабили худкушӣ ва ва сӯиқасд ба он, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, ҷалби духтарон ба таҳсил, бахусус баъди хатми синфи 9-ум корҳои таблиғотӣ ва сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуд.     Масъалаи дигаре, ки Кумита бештар ба он таваҷҷӯҳ намудааст , ин тавассути кумитаҳо, шӯъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Шӯроҳои занон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии оилаҳо нисбат ба аломатҳои хатарноки ба ҳаёти модар ва кӯдак таҳдидкунанда ва ҳавасманд намудани онҳо барои муроҷиат ба кӯмаки тиббӣ, оид ба паст кардани нишондиҳандаи таваллуди хонагии занон чун омили хатарзо барои ҳаёти модару кӯдак ва дигар масъалаҳои тарзи ҳаёти солим мебошанд, гуфт дар хотима Сумангул Тағоева.

Январь 25, 2011 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд