ТЕЪДОДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ЧАНД АСТ?

Январь 5, 2011 14:46

  Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 200 иншооти нави таъиноти гуногундошта дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон сохта мешаванд.  Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, масъалаи тақвияти корҳои омодагӣ ва татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сархати масоили асосии ҷаласа қарор дошт.  Зикр шуд, ки минбаъд барои назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ, ба мисли «Душанбе-плаза», Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар Буни Ҳисорак ва Наврӯзгоҳи шаҳрӣ (собиқ ипподром) ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо иштироки Раиси шаҳр ҷаласаҳои сайёр доир мешаванд.   

Январь 5, 2011 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад