ТЕЪДОДИ КИТОБҲО МЕАФЗОЯД
Турсунзода, 26 январ. (АМИТ«Ховар»,Ҳотам Рабиев).- Китоб чун сарчашмаи илму дониш дар таълиму тарбияи насли наврас ва умуман ҷомеа нақши муассир дорад. Кормандони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода баҳри бо китобҳои тозанашр таъмин кардани китобхонаҳои шаҳру ноҳия чораҳои мушаххас меандешанд. Алҳол фонди китобхонаи марказии шаҳр 208 ҳазору 577 ададро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои Гавҳар Саидова, директори китобхонаи марказӣ онҳо баҳри бо китобҳои тозанашр таъмин намудани 28 китобхонаи деҳаҳои ноҳия тадбирҳои амалӣ меандешанд. Дар худи китобхонаи марказӣ ҳар ҳафта озмуни қироати шеър ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мегардад.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






