ТОҶИКИСТОН ДОРОИ КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ МЕГАРДАД

Январь 10, 2011 16:19

  Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 январ дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор гардид.  Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.  Тибқи иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳо дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо, дар бораи ташкили гурӯҳи ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо ва Верховная Радаи Украина, дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.  Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи қонунҳо масъалаҳои мазкурро ҷиҳати дастраси омма намудани иттилооти марбут ба вазъи экологӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба танзим даровардани раванди бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони кишвар ва созмонҳои бонуфузи хориҷию байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Январь 10, 2011 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд