ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ РАВОБИТИ ҲАСАНА БО КОРЕЯ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти равобити гуногунсоҳа, бахусус ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Ро Сунг Мин, кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон қарор дошт. Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумот дод. Мавсуф зикр кард, ки парлумони касбии Тоҷикистон бо бархе аз парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон, бахусус бо парлумони Кореяи Ҷанубӣ гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст, ки ин гурӯҳҳо имкон доранд дар тавсеаи равобити байнипарлумонии кишварҳоямон нақши муассир гузоранд. Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипоси худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстонааш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда, хостори таҳкими равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






