ТОҶИКИСТОН-МИНТАҚАИ САЙРУ САЁҲАТ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди туризм дар ҶТ барои солҳои 2010-2014 дар натиҷаи ҳамкории судманди Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ ва Вазорати корҳои хориҷӣ бо қарори ҲҶТ хироҷи ягона барои раводиди туристӣ дар сатҳи 25 доллари ИМА новобаста аз каратнокӣ тасдиқ шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки маблағи даромади асосӣ дар дохили кишвар бо хизматрасониҳои анъанавӣ, аз қабили нақлиёти ҳавопаймоӣ ва заминӣ, меҳмонхона, тарабхона, роҳбаладӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дигарҳо ноаён дастрас мегардад (на бо тариқи пардохти ҳатмии маъмурӣ, балки бо усули ихтиёрӣ). Даромади консулӣ бошад аз ҳисоби зиёд гаштани шумораи муроҷиаткунандагон афзоиш меёбад, иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Ӯ қайд намуд, ки аслан ба ҳайси турист ба ҷумҳурии мо бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Руссия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ меоянд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони зиёда аз 70 мамлакати дунё аз ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист дидан намуданд. Ҳамчунин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нахустин маротиба дар таърихи соҳаи туризми мамлакат барои ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккул додани нуфузи кишвар ҳамчун минтақаи туристӣ моҳи майи соли ҷорӣ ду гурӯҳ рӯзноманигоронро аз мамлакатҳои Аврупо, Амрико, Британияи Кабир ва Россия, ки ба ташвиқу тарғиби захираҳои туристии кишварҳои Созмони умимиҷаҳонии сайёҳӣ машғуланд, даъват менамояд. Мо минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки барои рушди соҳаи туризм тамоми тадбирҳоро андешем.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






