«ТОҶИКСТАНДАРТ» СОҲИБКОРОНРО МЕОМӮЗАД

Январь 13, 2011 16:28

    Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2010-ум 281 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 200 тонна равғани растанӣ, 20 тонна маҳсулоти макаронӣ, 190 тонна орду гандум, 200 тонна нӯшокиҳои спиртӣ, 50 тонна нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 226 тонна тухми мурғ, 71 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва даҳҳо маҳсулоти воридотии дигар ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва ё нобуд шуданд. Дар ин бора директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов зимни нишасти матбуотӣ 13 январ иттилоъ дод.   Ӯ афзуд, ки дар ин давра барои риоя накардани меъёри стандартҳо, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти ғайристандартӣ 2171 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 416379 сомонӣ ҷарима шуда, ин маблағҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ ирсол гардиданд.    Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони «Тоҷикстандарт» ҷиҳати нигаҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти бесифат ва ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо дар 4602 корхонаву ташкилоти савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида, дар 1860 ҳолат амрияи ислоҳотии бартараф намудани камбудиҳо ва дар 1016 ҳолат амрияи манъи фурӯши мол (хизматрасонӣ)-ро ба тавсиб расониданд.      Д. Ҳотамов роҷеъ ба сифати пасти маҳсулоти нафтӣ ва ба стандарт ҷавобгӯй набудани асбобҳои фурӯши баъзе нуқтаҳои бензинфурӯшӣ гуфт, ки тайи соли сипаригашта бо мақсади муайян намудани сифат ва ҳолати фурӯши маҳсулоти нафтӣ 2481 ташхис ба миқдори 556541 тонна мавриди санҷиш қарор гирифт, ки 21 ҳолати он ё 147,7 тонна маводи сӯхт ғайристандартӣ дониста шуд. «Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» бар он мекӯшад, ки дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳибкорӣ монеъ нашавад. Аз ин рӯ, кормандони Агентӣ муваззаф шудаанд, ки соҳибкорони ватаниро дар ҳарос нагузоранд ё дидаю дониста ба фаъолияти онҳо монеъ нашаванд, балки ба онҳо роҳҳои наву замонавӣ ва босифати истеҳсол намудани маҳсулотро омӯзанд, то соҳибкорӣ рушд карда, истеҳсоли маҳсулот фаровон шавад, ки ин ба поёнравии нарх ҳам мусоидат мекунад», — тазаккур дод директори «Тоҷикстандарт».  

Январь 13, 2011 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад