«ТОҶМАҲАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Январь 22, 2011 09:34

   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Намояндагони Лигаи Хуҷандии Хушдилон ва Ҳозирҷавобон дар даври аввали Фестивали байналхалқии ҳозирҷавобон, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, миёни 106 даста мақоми 5-умро сазовор шуданд.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади сафарбар намудани дастаи Лигаи Хуҷандии Хушдилон ва Ҳозирҷавобон ба фестивали байналхалқии ҳозирҷавобон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия аз ҳисоби бақияи озоди буҷети вилоятӣ 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.    Ёдовар мешавем, ки дастаи яккачини Лигаи Хуҷандии Хушдилон ва Ҳозирҷавобон аз соли 1995 таҳти унвони «Бригада 003» баромад карда, баъдан номи «ТОҶмаҳал»-ро гирифт.

Январь 22, 2011 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад