ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БАРОИ 300 НАФАР

Январь 25, 2011 17:14

    Шаҳринав, 25 январ.(АМИТ«Ховар»Ҳотам Рабиев).-Бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 17 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешавад,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Раҳматуллои Пӯлод.   Тибқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия сохтмони бинои мактаби миёнаи рақами 6 дар деҳаи Қизилбайрақ идома дорад.   Корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби миёнаи рақами 7 ва литсей барои 240 нафар хонандагони болаёқат дар маркази ноҳия, мактаби нав барои 320 нафар хонанда дар деҳаи Дурманбулоқ ба анҷом расид. Дар ноҳия сохтмони чанд варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ дар нақша аст. Аз ҷумла, бо кӯмаки соҳибкор Ҷӯрабек Сафаров толори варзишӣ барои сесад нафар сохта мешавад.   Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 131 гектар боғу токзори нав бунёд шуд. Айни ҳол кишоварзони ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар масоҳати 2918 гектар шудгори босифат гузаронида, кишту кори зироати кишоварзиро идома дода истодаанд. То имрӯз дар масоҳати 748 гектар гандум, 37 гектар сабзавот (пиёзи барвақтӣ) кишт шудааст.  

Январь 25, 2011 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд