ТОЗА КАРДАНИ МИНТАҚАҲОИ ХАТАРНОК АЗ МИНАҲО

Январь 18, 2011 16:51

  Душанбе, 18 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар меҳвари мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев бо сарвари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ив Арнолдӣ ва сардори намояндагии кумитаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Олма Аҳмадипур қарор дошт, ки 18 январ дар Душанбе баррасӣ гардид.  Амиршо Миралиев гуфт, ки мардуми тоҷик аз хидматҳои ин Кумитаи бонуфузи байналмилалӣ ба хубӣ огоҳӣ доранд, хусусан дар давраи душвори солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Салиби Сурхи байналмилалӣ яке аз аввалинҳо шуда, кӯмакҳои башардӯстонаи худро, ки аз маводи озуқа ва доруворӣ иборат буд, ба Тоҷикистон расонид. Ба андешаи А. Миралиев Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ омода аст, ки бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар тамоми заминаҳо ҳамкории судманд дошта бошад. Мавсуф таъкид кард, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо фазои ҳуқуқӣ фароҳам буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда дар соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар»-ро қабул намуд.  Сарвари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ив Арнолдӣ роҷеъ ба дурнамои барномаҳои ин созмон дар Тоҷикистон иттилоъ дода гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти худро дар се бахш ба роҳ мондаанд. Ин бахшҳо ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, барномаҳои тоза кардани ҳудудҳои минахобонда ва кор бо шахсоне, ки наздикони худро гум кардаанд, ба шумор мераванд.

Январь 18, 2011 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад