ТУРКМАНИСТОН ҲАВАСМАНДИ ҲАМКОРӢ БО ТОҶИКИСТОН

Январь 26, 2011 17:23

   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ҷараёни мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов ва ҳайати туркманҳо бо роҳбарии сардори шӯъбаи кор бо аъзои палатаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Элмира Раҳмонова баррасӣ шуд.      Одил Сангов дар бораи мақом ва фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи аъзо ва хизматрасониҳои онҳо дар ташкили намоишгоҳҳое, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мегузаранд, ҳарф зад.     Элмира Раҳмонова иттилоъ дод, ки Палатаи савдо ва саноати Туркманистон барои ҳамкорӣ бо ҳамкасбони тоҷик ҳавасманд аст. Зимни мулоқот, ҳамчунин дар бораи азнав баррасӣ намудани Созишномаи ҳамкории байнипалатагӣ, иштироки якҷоя дар намоишгоҳҳои ташкилмешуда ва табодули мунтазами маводи иттилоотӣ сухан рафт.

Январь 26, 2011 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад