ТВТ ДАР ПАНҶ КИШВАРИ ДИГАР НАМОЯНДАГӢ МЕКУШОЯД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-«Ҳар як шабака миқдори муайяни намоишҳои тиҷоратии худро дорад, вале чун анъана дар охиру аввали сол намоишҳои тиҷоратӣ рӯ ба коҳиш меоранд ва шурӯъ аз моҳҳои февралу март то моҳи ноябр намоишҳои тиҷоратӣ ва теъдоди роликҳои тарғиботӣ меафзоянд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ, 14 январ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки айни ҳол Кумита дар ду мамлакат — Федератсияи Россия ва Ал-қатар мухбирони худро дорад ва ният ҳаст, ки дар панҷ кишвари дигар намояндагӣ ифтитоҳ шавад. Кормандони зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва аҳамияти вазифаҳои дар назди худ истодаро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк карда, дониш, маҳорат ва таҷрибаи касбии худро самаранок истифода мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ки дар таҳкими сиёсати башардӯстонаи давлати Тоҷикистон саҳмгузор бошанд,- таъкид кард дар хотима А. Раҳмонов.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






