«УҚОБЧА» — МАҶМААИ СОЛИМГАРДОНИИ КӯДАКОНУ НАВРАСОН

Январь 21, 2011 09:40

    Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони маҷмааи солимгардонии кӯдакону наврасони «Уқобча» бо суръат идома дорад, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.   Маҷмааи солимгардонии «Уқобча» барои 240 нафар истироҳаткунандагон пешбинӣ шуда, дар масоҳати 5,6 гектар бунёд мегардад. Иншооти фароғатии мазкур аз бинои маъмурӣ, 6 хобгоҳ, ошхона, маҷлисгоҳ, утоқҳои компютерӣ, китобхона, ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакону наврасон ва калонсолон, ҳавзи сунъӣ дар масоҳати 1400 метри мураббаъ ва ҳавзи зимистона, майдонҳои футбол, теннис, баскетболу волейбол ва бадминтон иборат буда, бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ сохта мешавад. Ҳамчунин, дар бинои маъмурии урдугоҳи наврасон утоқҳои тиббӣ созмон дода мешаванд.    Мавриди ёдоварист, ки баҳри саривақту босифат ва дар муддати муайянгардида бунёд гардидани ин маҷмаа тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз буҷети вилоятӣ 7120 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Алҳол 7 ширкати сохтмонии вилоят, аз ҷумла ҶДММ «ИС-7»-и шаҳри Хуҷанд, «Хуҷандстрой», «Хуҷандсохтмон-1», «Ҳунарманд», «Стройкомплекс» ба бунёди ин иншооти замонавӣ машғуланд.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 20 январи соли ҷорӣ раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти сохтмони маҷмааи солимгардонии «Уқобча» дидан карда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, муҳайё намудани шароити хуби истироҳат барои наврасону ҷавонон, зебо ва дилкаш намудани муҳити зисти атроф, шинонидани дарахтони ороишӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.  

Январь 21, 2011 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад