УСТУВОРГАРДОНИИ СИСТЕМАИ МИЛЛИИ ОМОР

Январь 6, 2011 16:45

   Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» аз моҳи март то моҳи декабри соли 2010 тадқиқоти корхонаҳои сохтмонии пудратӣ ва сохтмонҳои манзилҳои шахсӣ гузаронида шуд. Буҷаи тадқиқоти мазкур бештар аз 12 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.  Бояд гуфт, ки тадқиқоти мазкур масъалаҳои номуназзамии нархҳои масолеҳи сохтмонӣ дар минтақаҳо, истифода бурдани қувваи кории кироя ва муайян намудани арзиши аслии биноҳои сохташавандаи аҳолиро барои ҳисоботи оморӣ ва таҳлили онро дар Системаи ҳисоботи миллӣ дарбар мегирад. Инчунин дар 180 корхонаи пудратии сохтмонӣ ва 542 хонаҳои истиқоматии шахсӣ тадқиқ гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян гашт, ки дар корхонаҳои пудратии сохтмонӣ 9944 нафар корманд кор мекунанд. Аз онҳо 7835 нафарашон расмӣ, 847 нафар занон, 2773 нафар кормандони дорои маълумоти касбӣ ва 2109 нафар кормандони кирояи муваққатӣ ба қайд гирифта шудаанд.Барои муайян намудани индекси нархҳои масолеҳи сохтмонӣ, аз корхонаҳои пудратии сохтмонӣ оиди бо кадом нарх дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сохташаванда маълумот ҷамъоварӣ шуд.   Аз рӯи тадқиқоти гузаронидашуда маълум гашт, ки корхонаҳои пудратии сохтмонӣ дар моҳи марти соли 2010 76 намуди масолеҳи сохтмониро харид намудаанд. Нархи ҳар як масолеҳи сохтмонии аз тарафи корхонаҳои пудратии сохтмонӣ харидашуда дар рафти тадқиқот муайян гардид.     Бо гузаронидани тадқиқоти мазкур кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи методологиро вобаста ба ҳисоб намудани индекси нархҳои масолеҳи сохтмонӣ кор карда баромаданд ва дар оянда ба нақша гирифта мешавад, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доираи воҳидҳои тадқиқшавандаро зиёд намоянд.

Январь 6, 2011 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард