ВАЗЪИ КИШТ ВА ЗАХИРАИ ТУХМИИ ЗИРОАТ ДАР СУҒД

Январь 13, 2011 16:50

     Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд то 1 январи соли 2011 85 897 гектар майдон шудгор гардид, ки аз он 26 306 гектараш майдони пахта мебошад. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.     Ба иттилои манбаъ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят то ин муддат дар 1 320 гектар кишти барвақтӣ гузаронида шудааст, ки аз он 1 316 гектараш пиёз, 3 гектараш сабзавот ва 1 гектараш сирпиёз мебошад.    Дар соли сипаригашта барои кишти ҳосили нав корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба қадри кофӣ тухмии зироатро захира карданд, ки тухмии ғалладона ва лӯбиёгӣ – 4039,4 тонна, аз ҷумла гандум – 3095,9 тонна, ҷав – 620,6 тонна, тритикалӣ — 2,8 тонна, ҷавдор — 10,6 тонна, ҷавсар — 32,2 тонна, шолӣ – 267,3 тонна, ҷуворимакка – 90,4 тонна, лӯбиёгиҳо – 10 тонна, картошка – 5762,3 тонна, сабзавот – 1,5 тонна, полизиҳо – 95,8 ва чигит — 271,1 тонна мебошад.

Январь 13, 2011 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад