ВАЗЪИ ТАЪМИН БО ОБ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Январь 12, 2011 15:30

   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия (ОваК) дар соли 2010 ба истифодабарандагон ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба соли 2009-ум 27,6 фоиз зиёд аст, гуфт дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов.     Хизматрасонии корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи вилояти Хатлон дар соли 2010 ба истифодабарандагон маблағи 8 миллиону 168 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2009-ум 21,8 фоиз зиёд мебошад, дар ВМКБ мутаносибан 761,7 ҳазор сомонӣ ё 55,4 фоиз зиёд, дар Суғд 5 миллиону 984 ҳазор сомонӣ ё 35,4 фоиз зиёд ва дар НТМ 4 миллону 173,4 ҳазор сомонӣ ё 24,6 фоиз зиёдро ташкил намуд.    Вале дар баробари ин корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои алоҳида нақшаҳои пешбинишударо таъмин карда натавонистанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи молиявӣ аз тарафи корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат (88,5 фоиз), Мӯъминобод (92,3 фоиз), Рашт (98,9 фоиз)-ро ташкил намуд.   Дар иҷрои «Барномаи беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшиданӣ барои солҳои 2007-2020» аз ҳисоби маблағҳои худӣ корхонаҳои ОваК-и шаҳрҳои Кӯлоб, Хуросон, Ашт, Панҷакент, Ҳисор, Нуробод ва ҳамаи корхонаҳои коммуналии ВМКБ, ба ғайр аз корхонаи ОваК-и шаҳри Хоруғ саҳми назаррас гузоштанд, гуфт дар хотима ба хабарнигорон А. Тағоймуродов.

Январь 12, 2011 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад