ВОХӮРИИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО ВАО-И БЕЛОРУС
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тавре аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус хабар доданд, ба муносибати раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2011 ва 15-солагии барқарор кардани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Белорус дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус вохӯрии сафир бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ин давлат доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони васоити ахбори оммаи Белорус, аз ҷумла Шабакаи якуми Ширкати телевизиону радиои Белорус «БТВ», Шабакаи дуюми телевизиони Белорус «ОНТ», рӯзномаҳои «Республика», «Народная газета», «Беларусь сегодня», Маркази миллии матбуот, Агентии «Интерфакс», телевизиони пойтахт «СТВ», филиали белорусии ШБТР «Мир», маҷаллаҳои «Белорусское сельское хозяйство» ва «Пингвин», инчунин Хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Белорус, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигарон ширкат доштанд. Дар баромади худ сафир зикр кард, ки соли 2011 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад, хеле соли бобарор хоҳад шуд. Зеро имсол соли раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамзамон 20-солагии таъсисёбии Иттиҳод низ ҷашн гирифта мешавад, ки масъулияти зиёдро талаб мекунад. Зикр гардид, ки стратегияи асосии раёсати Тоҷикистонро дар Иттиҳод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар рафти нишасти матбуотии ҷамъбастӣ пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ 10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москва изҳор намуд, ки он дар асоси принсипи пайдарпаӣ ва муттассилӣ анҷом дода мешавад. Вобаста ба ин, сафир ба ҳозирин оид ба Консепсияи раисии Тоҷикистон дар ИДМ ва нақшаи чорабиниҳои он маълумот дода, самтҳои кории дар ин ҳуҷҷатҳо дарҷгардидаро зикр намуд. Ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои он чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






