ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР «АМОНАТБОНК»

Январь 17, 2011 11:18

   Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (БДА)дар соли 2010 ба суратҳисобҳои транзитии буҷаи давлатӣ ба маблағи 1197,6 миллион сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 670,8 миллион сомонӣ маблағ ворид намуд ва он тавассути филиалҳои “Амонатбонк“ ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2009 10,6 % зиёд аст.     Аз рӯи иттилои раиси БДА “Амонатбонк” Гулнора Ҳасанова то санаи якуми январи соли 2011 тавассути филиалҳои Бонк ба ташкилотҳои буҷавӣ 1078,6 миллион сомонӣ пули нақд дастрас гардид, ки нисбат ба соли 2009 17% зиёд аст. Аз ҷумла, барои музди меҳнат 807 миллион сомонӣ пардохт гардид, ки нисбат ба соли 2009 18,8 % афзудааст. Дар соли ҳисоботӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ дар ҳаҷми 30,1 млн. сомонӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ ворид шуда, дастраси оилаҳои камбизоат гардид, ки нисбат ба соли 2009 64 % зиёд аст”.    “То ҳолати 1 январи соли 2011 тавассути филиалҳои Амонатбонк ба 549 942 нафар нафақахўрони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо талаботи маблағи моҳона ба андозаи 74,3 млн. сомонӣ хизмат расонида мешавад”, — афзуд Г. Ҳасанова .    Ҳамчунин, барои пардохти нафақаи нафақахўрони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 674,9 миллион сомонӣ ба суратҳисоби филиалҳои Амонатбонк маблағ ворид гардида, бо дарназардошти бақияи аввали сол (18 млн.сомонӣ) 668,1 миллион сомонии он дастраси нафақахўрон гардонида шуд.   Бояд гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пардохти нафақаи нафақахўрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 67,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, бо назардошти бақияи аввали сол (216 ҳазор сомонӣ) 67,3 миллион сомонӣ ба нафақахўрон пардохт гардидааст.

Январь 17, 2011 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад