ВУСЪАТИ КОРҲОИ НАҚБКАНӢ ДАР «ШАҲРИСТОН»

Январь 11, 2011 10:38

    Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин радиф бунёди нақби «Шаҳристон», ки ифтитоҳи он соли равон дар назар аст, аҳамияти махсус дорад.     Алҳол корҳои сохтмонӣ дар нақби «Шаҳристон» босуръат идома дошта, аз оғози сохтмон то 1 январи соли 2011 ба масоҳати 4261 метр нақби нақлиётӣ ва 4531 метр нақби ҳаводиҳанда канда шудааст. Барои иҷрои ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар ин рӯзҳо 355 нафар мутахассисони муҳандисию–техникӣ, аз ҷумла 80 нафар коргарони маҳаллӣ сафарбар гардидаанд.    Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бояд намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мӯҳлатҳои наздик аз ҷараёни сохтмони нақби «Шаҳристон» дидан намуда, ба коргарони ин иншооти муҳим маводи хӯрокӣ дастрас намоянд.

Январь 11, 2011 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад